HOME

EVENTS

TAJIKISTAN

State Symbols

President

Government

Parliament

Economy

FOREIGN MINISTRY

Foreign Minister

Deputy Foreign Ministers

Tajik Embassies

EMBASSY

Ambassador

Press Releases

TAJIKISTAN and AUSTRIA

TAJIKISTAN and the OSCE

TAJIKISTAN and the UNOV

TAJIKISTAN and IAEA

TAJIKISTAN and UNIDO

TAJIKISTAN and UNODC

TAJIKISTAN and CTBTO

CONSULAR SERVICES

VISA ISSUES

TAJIK CITIZENS

NOTARIAL SERVICES

TOURISM

ANNOUNCEMENT

GALLERY

USEFUL LINKS

CONTACT US

EMBASSY OF TAJIKISTAN TO AUSTRIA

Лавҳаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия рӯзҳои Душанбе - Ҷумъа  аз соати 15:00 то 17:00 шаҳрвандони Тоҷикистонро қабул менамояд ва хизматрасониҳои консулии дар поён зикршударо  ба анҷом мерасонад. Хизматрасониҳои консулӣ дар давоми аз 5 то 10 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад. Судури маълумотномаҳои ҳуқуқӣ роҷеъ ба надоштани доғи судӣ, талаби ҳуҷҷатҳо ва масъалаҳои шаҳрвандӣ дар давоми 60 рӯз ва ё аз ин зиёд ба амал бароварда мешаванд. Дар ин ҳолат ба таври таъҷилӣ дида баромадани ҳуҷҷатҳои номбурда ғайри имкон аст. Барои хизматрасониҳои консулие, ки ба таври таъҷилӣ дар давоми аз 24 то 48 соат ба анҷом расонида мешавад, маблағи дукаратаи боҷи консулӣ бояд пардохт карда шавад.
 
Шиносномаҳои хориҷӣ - саҳ. 1
Шаҳодатномаи бозгашт ба ҶТ - саҳ.2
Судури маълумотномаҳои  ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ - саҳ.2
Бақайдгирии консулӣ - саҳ.2
Қоидаҳои будубош дар Австрия нисбати шаҳрвандони ҶТ- саҳ.2
Пайванди эълонҳо барои шаҳрвандони ҶТ- саҳ.2
Таъйиди  ҳуҷҷатҳо ҷиҳати истифода дар Австрия, Швейтсария Венгрия ва  Словакия ва талаб кардани ҳуҷҷатҳо - саҳ. 2-3
Масъалаҳои шаҳрвандӣ - саҳ.3-4
 
Шумораи сурат
ҳисоби Сафорат:
EMBASSY'S BANK ACCOUNT DETAILS:
WIEN, BOTSCHAFT DER REPUBLIK TADSCHIKISTAN, CREDITANSTALT-BANKVEREIN BLZ 11000 N 09554787301; INTERNATIONAL BANK ACCOUNT NO. /IBAN=AT51 1100 0095 54787301  BIC=BKAUATWW

 
Шиносномаҳои хориҷӣ
Шиносномаи дипломатӣ дар ҳамоҳангӣ бо ВКХ  ҶТ  ба мӯҳлати то як сол ва як маротиба тамдид карда мешавад - 10 евро. Барои тамдиди шиносномаи дипломатӣ чунин хуҷҷатҳоро пешниҳод бояд кард:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат;
- нусхаи шиносномаи дипломатӣ.
Шиносномаи хидматӣ  дар ҳамоҳангӣ бо ВКХ ҶТ  ба мӯҳлати то як сол ва як маротиба тамдид карда мешавад -10 евро. Барои тамдиди шиносномаи хидматӣ чунин хуҷҷатҳоро пешниҳод бояд кард:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат;
- нусхаи шиносномаи хидматӣ.
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ   - таияи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ 40 евро.
Барои таҳияи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ тариқи дархост аз Вазорати корҳои хориҷӣ 50 евро.
Барои таҳияи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ (шиносномаи биометрӣ) тариқи ҷамъ кардани иттилооти биометр ва дархост аз Вазорати корҳои хориҷӣ 75 евро.
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣба мӯҳлати то се сол ва як маротиба тамдид карда мешавад-50 евро.
Барои тамдиди шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ чунин хуҷҷатҳоро пешниҳод бояд кард:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат;
- нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ;
- дар ҳолати дархости шаҳрвандон роҷеъ ба бозгардонии ҳуҷҷатҳояшон тавассути почта, бояд лифофа бо нишони суроғаи бозгардонӣ ва маркаи почтавӣ ба Сафорат ирсол карда шавад, (кофӣ будани миқдори маркаҳои байналмилалии почтавӣ барои бозгардонӣ бояд аз ониби муроҷиаткунандагон муайян карда шавад) вагарна муроҷиаткунандагон метавонанд курери почтавиро (DHL, UPS, TNT ва ғ.) ташкил намоянд.
 
Номнавис ва дарунтасвир намудани расми кӯдакони то 16 сола дар шиносномаи волидайн ва намояндагони қонунии онҳо - 40 евро. Агар шаҳрвандии волидайни кудак гоногун бошанд, шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯдак) дар шиносномаи волидайне номнавис мешавад, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад. Барои номнавис ва дарунтасвир шудани расми кӯдакони то 16 сола дар шиносномаи волидайн ва намояндагони қонунии онҳо ҳуҷҷатҳои зерин бо риояи талаботҳо бояд пешниҳод карда шаванд:
- шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ё ин ки маълумотнома аз  хонаи таваллуде, ки кӯдак дар он ҷо ба дунё омадааст;
-  кӯдаки таваллуд шуда бояд шаҳрвандии кишвари иқоматро надошта бошад;
-  аризаи  (бо забони русӣ ё тоҷикӣ) волидайни кӯдак ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат оид ба номнавис ва дарунтасвир шудани расми кӯдак дар шиносномаи волидайн;
-  аризаи (бо забони русӣ ё тоҷикӣ) волидайни кӯдак ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат (агар расми кӯдак дар шиносномаи модар дарунтасвир шавад, аризаи падар лозим аст, дар ҳолати баръакс, аризаи модар) оид ба ризоияти номнавис ва дарунтасвир шудани расми кӯдак дар шиносномаи волидайн ва тасдиқ нотариалии он;
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳи волидайни кӯдак;
- нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии модари кӯдак;
- нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии падари кӯдак;
- нусхаи иҷозатномаи иқомати доимии волидайни кӯдак  дар кишвари иқомат (агар бошад);
- дар ҳолати дархости шаҳрвандон роҷеъ ба бозгардонии ҳуҷҷатҳояшон тавассути почта, бояд лифофа бо нишони суроғаи бозгардонӣ ва маркаи почтавӣ ба Сафорат ирсол карда шавад, (кофӣ будани миқдори маркаҳои байналмилалии почтавӣ барои бозгардонӣ бояд аз ҷониби муроҷиаткунандагон муайян карда шавад) вагарна муроҷиаткунандагон метавонанд курери почтавиро (DHL, UPS, TNT ва ғ.) ташкил намоянд.
 
Шаҳодатномаи бозгашт ба ҶТ
Судури  Шаҳодатномаи бозгашт ба ҶТ - 10 евро. Дар сурати гум кардани шиносномаи хориҷӣ берун аз қаламрави ҶТ, ба шаҳрванди ҶТ барои бозгашт ба Ватан Шаҳодатномаи бозгашт  дода мешавад. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи  шахсияти  шаҳрванди ҶТ буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт  ба ҶТ  таъмин менамояд ва ба мӯҳлати  на зиёда  аз 30 рӯз дода мешавад. Барои гирифтани Шаҳодатномаи бозгашт ба ҶТ аризаи хонапурӣ шуда ва ҳуҷҷатҳои дар он қайд шуда бояд пешниҳод карда шаванд. Барои дарёфти варақаи ариза  барои гирифтани  Шаҳодатномаи бозгашт ба истинод пахш намоед.

Судури маълумотномаҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ - (маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ, дар бораи беихтиёрона гум кардани шаҳрвандии ҶТ ва ғ. ба ғайр аз маълумотномаҳо оид ба тасдиқ кардан ё инкор кардани вазъи оилавӣ) - 50 евро.
Барои судури маълумотномаи
ҳуқуқӣ ва ё иттилоотӣ санадҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
- Ариза ба
Шӯъбаи консулии Сафорат;
- Нусхаи шиноснома;
- ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дар ҳолатҳои зарурӣ);
 
Бақайдгирии консулии шаҳрвандони ҶТ. Бақайдгирии шаҳрвандони ҶТ ройгонӣ буда бо мақсади пайдо кардани маълумоти пурраи онҳо ба китоби сабти шаҳрвандони ҶТ ворид карда мешавад. Кайд кардани ҳолати доштани шаҳрвандии ҶТ аз ҷониби Сафорат амалӣ карда мешавад. Сабти варақаи бақайдгирӣ - ро метавонед хонапурӣ карда шахсан  ва ё  тавассути почтаи электронии Сафорат tajikembassy@chello.at  ирсол намоед. 
 
Қоидаҳои будубош дар Австрия нисбати шаҳрвандони ҶТ

Раводиди Австрия ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ба шаҳрвандони ҶТ ба муддати зиёди то 6 моҳ дода мешавад ва дар ин ҳол бақайдгирӣ дар мақомоти марбутаи кишвар зарурат надорад. Дар сурати истиқомати беш аз шашмоҳа  шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани ҳуҷҷати зарурии иқомат ба консулгариҳои Австрия дар хориҷи кишвар муроҷиат  менамоянд ва баъди ба Австрия  ворид шудан дар мӯҳлати то се рӯз дар шӯъбаҳои  дахлдори вазорати дохилии он кишвар ба қайд гирифта мешаванд. Вобаста ба мақсаду сабабҳои сафар ва истиқомат дар Австрия ба шаҳрвандони хориҷӣ гувоҳномаи мушаххас (Aufenthaltsbewilligung, Niederlassungsbewilligung) дода мешавад. Санади ҳуқуқи истиқомат дар Австрия ба муддати то 12 моҳ бо имкони тамдиди минбаъда дода мешавад. Шаҳрвандони берун аз Иттиҳоди Аврӯпо  барои истиқомати зиёда аз 24 моҳ дар Австрия бояд Созишнома оид ба ҳамгироиро (Integrationsvereinbarung) ба имзо расонанд. Созишномаи мазкур баъд аз гирифтани ҳуҷҷати иқомати доимӣ имзо карда мешавад ва мутобиқи он имзокунанда дар мӯҳлати 5 сол  ӯҳдадор аст дониши кофии забони давлатӣ (немисӣ) ва ё санади тасдиқи супоридани имтиҳони забони немисиро пешниҳод намояд. Шаҳрвандони хориҷие, ки маҳалли  истиқоматашонро дар қаламрави Австрия тағйир медиҳанд, бояд дар идораҳои дахлдори кишвар ба қайд гирифта шаванд.

Пайванди эълонҳо барои шаҳрвандони ҶТ


Таъйид (легализация) ва талаб кардани ҳуҷҷатҳо (истребование документа) ҷиҳати истифода дар Австрия, Швейтсария, Венгрия ва Словакия.
Таъйиди  як  ҳуҷҷат - 50 евро
Ҳуҷҷатҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, ҷиҳати истифода дар хориҷи кишвар пешбинӣ шудаанд ва барои таъйид (легализатсия) пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботҳои зерин мувофиқат кунанд:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат оид ба дархости таъйиди ҳуҷҷат;
- тарҷумаи ҳуҷҷат (ба забони кишвари иқомат) бо тасдиқи нотариалӣ;
- ҳуҷҷат бояд таъйиди Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ - ро надошта бошад, зеро ки Сафорат баъд аз таъйид дар Раёсати консулии кишвар дубора таъйид наменамояд;
- дар ҳолати дархости шаҳрвандон роҷеъ ба бозгардонии ҳуҷҷатҳояшон тавассути почта, бояд лифофа бо нишони суроғаи бозгардонӣ ва маркаи почтавӣ ба Сафорат ирсол карда шавад, (кофӣ будани миқдори маркаҳои байналмилалии почтавӣ барои бозгардонӣ бояд аз ҷониби муроҷиаткунандагон муайян карда шавад) вагарна муроҷиаткунандагон метавонанд курери почтавиро (DHL, UPS, TNT ва ғ.) ташкил намоянд.
Талаб кардани  ҳуҷҷатҳо:
Талаби ҳуҷҷат бо таъйиди минбаъдааш - 80 евро
Талаб кардани як ҳуҷҷат - 50 евро
Барои талаб кардани ҳуҷҷат санадҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат оид ба дархости талаби ҳуҷҷат;
- варақаи  хонапурӣ шуда оид ба талаби ҳуҷҷат. Сабти варақа;
-дар ҳолати дархости шаҳрвандон роҷеъ ба бозгардонии ҳуҷҷатҳояшон тавассути почта, бояд лифофа бо нишони суроғаи бозгардонӣ ва маркаи почтавӣ ба Сафорат ирсол карда шавад, (кофӣ будани миқдори маркаҳои байналмилалии почтавӣ барои бозгардонӣ бояд аз ҷониби муроҷиаткунандагон муайян карда шавад) вагарна муроҷиаткунандагон метавонанд курери почтавиро (DHL, UPS, TNT ва ғ.) ташкил намоянд.

Масъалаҳои шаҳрвандӣ

Қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 250 евро
Тибқи қонуни конститутсионии ҶТ (аз 4 ноябри соли 1995, №104)  оид ба шаҳрвандии ҶТ, боби II, моддаи 15,  кас  ба таври зайл шаҳрванди ҶТ шуда метавонад:
1. Аз рӯи таваллуд. Тибқи моддаи 12-и Қарори ҶТ оид ба тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, волидайне, ки шаҳрвандии гуногун доранд дар вақти интихоби шаҳрвандии фарзанди то сини 1 сола ба муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар (яъне ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия) муроҷиат намуда, нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва ризоияти хаттии интихоби шаҳрвандии фарзандашонро пешниҳод менамоянд. Тибқи қонунгузорӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ қабул карда мешаванд ва бо хулосаи Шӯъбаи консулии Сафорат ба ВКХ фиристода мешаванд. 
2. Аз рӯи тартиби бақайдгирӣ. Тибқи моддаи 13-и Қарори ҶТ оид ба тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, барои гирифтани шаҳрвандӣ аз рӯи тартиби бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд ба мауссисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар (яъне ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия) пешниҳод намуд:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат;
- дархостнома ба номи Президенти ҶТ (дархостнома аз ҷониби муроҷиаткунанда тартиб дода мешавад - заявление  составляется в произвольной форме);
- нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
- ҳуҷҷате, ки тааллуқ доштани ҳамсар ё ин ки хешовандро аз рӯи авлод ба шаҳрвандии ҶТ  тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷате, ки тааллуқ доштани волидайнро  ба шаҳрвандии ҶТ тасдиқ менамояд.
Дар сурати доштани фарзандони ноболиғ вобаста ба ҳолатҳои дар қонун пешбинӣ шуда, инчунин бояд  пешниҳод карда шаванд:
- нусхаи шаҳодатномаҳои  ақди никоҳ, таваллуди кӯдак, нусхаи қарори додгоҳ оид ба маҳрум шудан аз ҳуқуқҳои волидайнӣ (агар бошад);
- ризоияти хаттии шахсони манфиатдор оид ба иваз намудани шаҳрвандии кӯдак, инчунин розигии кӯдакони аз синни 14 то 18 сола.   
Тибқи қонунгузорӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои баррасӣ қабул шуда, бо хулосаи Шӯъбаи консулии Сафорат ба ВКХ фиристода мешаванд.  
3. Дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ. Тибқи моддаи 14-и Қарори ҶТ оид ба тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои гирифтани шаҳрвандӣ дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ мувофиқи маҳали зист ба муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар (яъне ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия) ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- дархостнома ба номи Президенти ҶТ (дархостнома аз ҷониби муроҷиаткунанда тартиб дода мешавад - заявление  составляется в произвольной форме);
- ҳуҷҷате, ки аз рӯи қонун мӯҳлати зист дар қаламрави ЧТ муқаррар шудааст, тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷате, ки талаботи содда нисбати иқомат дар ҶТ ҷиҳати гирифтани шаҳрвандӣ (аз ҷумла кам кардани мӯҳлати зист) - ро тасдиқ менамояд;
- маълумотномаи аъзоҳои оила доир ба маҳали зист;
- як расм.
Дар сурати доштани фарзандони ноболиғ вобаста ба ҳолатҳои дар қонун пешбинӣ шуда, инчунин бояд пешниҳод карда шаванд:
- нусхаи шаҳодатномаҳои  ақди никоҳ, таваллуди кӯдак, нусхаи қарори додгоҳ оид ба маҳрум шудан аз ҳуқуқҳои волидайнӣ (агар бошад);
- ризоияти хаттии шахсони манфиатдор оид ба иваз намудани шаҳрвандии кӯдак, инчунин розигии кӯдакони аз синни 14 то 18 сола.
Тибқи қонунгузорӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои баррасӣ қабул шуда, бо хулосаи Шӯъбаи консулии Сафорат ба ВКХ фиристода мешаванд. 
 4. Дар натиҷаи барқарор шудан ба шаҳрвандӣ. Тибқи моддаи 18-и Қарори ҶТ оид ба тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон (шахси бешаҳрванд) метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро  барои  барқарор намудани шаҳрвандии ҶТ ба муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар (яъне ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия) пешниҳод намоянд:
- дархостнома ба номи Президенти ҶТ (дархостнома аз ҷониби муроҷиаткунанда тартиб дода мешавад - заявление  составляется в произвольной форме);
- ҳуҷҷатҳое, ки тааллуқ доштани муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии ҶТ тасдиқ менамояд.
Тибқи қонунгузорӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои баррасӣ қабул шуда, бо хулосаи Шӯъбаи консулии Сафорат ба ВКХ фиристода мешаванд. 
5. Бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ. Тибқи моддаи 26-и Қонуни конститутсионии ҶТ оид ба шаҳрвандии ҶТ дар ҳолати тағйир ёфтани хати сарҳадии ҶТ, тибқи қонунгузории ҶТ, шахсоне, ки дар минтақаҳои назди сарҳадие, ки хати марзӣ дар он ҷо тағйир ёфтааст истиқомат мекунанд, ба онҳо ҳуқуқи интихоби шаҳрвандии ҶТ ё кишвари ҳамсарҳад (оптатсия) тибқи тартиб ва мӯҳлате, ки дар шартномаи байналмилалии ҶТ муайян шудааст, дода мешавад.
 
Муайян кардани шаҳрвандии кӯдакони ноболиғ. Тибқи моддаи 16-и Қонуни конститутсионии ҶТ оид ба шаҳрвандии ҶТ,  кӯдаке, ки ҳангоми таваллуд шуданаш волидайнаш дар шаҳрвандии ҶТ бошад, шаҳрванди ҶТ ҳисобида мешавад, новобаста аз макони таваллуди кӯдак. Тибқи моддаи 17-и  Қонуни конститутсионии мазкур, дар ҳолати гуногун будани шаҳрвандии волидайн ҳангоми таваллуд шудани кӯдак, яке аз онҳо шаҳрвандии ҶТ-ро дошта бошад, кӯдак низ шаҳрванди ҶТ ҳисобида мешавад:
- агар кӯдак дар қаламрави ҶТ таваллуд ёфта бошад;
- агар кӯдак берун аз марзи ҶТ таваллуд шуда бошад, вале волидайн ё ин ки яке аз волидайн дар он лаҳза иқомати доимии ҶТ-ро дошта бошанд. Дар ҳолати гуногун будани шаҳрвандии волидайн, ки яке аз онҳо ҳангоми таваллуди кӯдак шаҳрвандии ҶТ-ро дошта бошад ва ҳамон лаҳза волидайни(родители) кӯдак иқомати доимии кишвари дигарро дошта бошанд, пас шаҳрвандии кӯдаки берун аз марзи ҶТ таваллудшуда  дар асоси ризоияти хаттии  волидайнаш муайян карда мешавад. Кӯдаке, ки ҳангоми таваллуд шуданаш яке аз волидайнаш шаҳрванди ҶТ бошад ва дигараш шахси бешаҳрванд ё ин ки номаълум бошад, пас кӯдак шаҳрванди ҶТ ҳисобида мешавад, новобаста аз макони таваллуд. Дар ҳолати муқаррар  кардани падарии кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрванд буда, падараш шаҳрванди ҶТ мебошад, кӯдаки то синни 14 сола шаҳрванди ҶТ ҳисобида мешавад, новобаста аз макони таваллуди кӯдак. Тибқи моддаи 20-и қонуни зикргардида, кӯдаке, ки дар қаламрави ҶТ таваллуд ёфтааст ва волидайнаш шаҳрвандии дигар кишварҳоро доранд, шаҳрванди ҶТ ҳисобида мешавад, агар кишварҳое, ки волидайнаш шаҳрвандиашро доранд,  шаҳрвандии худро пешниҳод нанамоянд.                  
 
Қатьи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 150 евро
Тибқи қонуни конститутсионии ҶТ (аз 4 ноябри соли 1995, №104)  оид ба шаҳрвандии ҶТ, боби III, моддаи 27, шаҳрвандии ҶТ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
1. Дар натиҷаи баромадан аз шаҳрвандӣ. Тибқи Қарори ҶТ оид ба тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, моддаи 21, барои муроҷиат кардан ба муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар (яъне ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия) ҷиҳати баромадан аз шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод  карда шаванд:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат;
- дархостнома ба номи Президенти ҶТ. Сабти варақаи дархостнома;
-  нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд ва ақди никоҳ;
- декларатсияи шахсии хонапуришуда доир ба набудани ӯҳдадориҳои иҷронашудаи молӣ дар назди ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии ҶТ. Барои дарёфти варақаи декларатсия  истинодро  пахш кунед;
- ду расми 3х4.
Барои баромадани фарзандони ноболиғ аз шаҳрвандӣ аз рӯи қабул вобаста ба ҳолат, ҳуҷҷатҳои зерин бояд ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия пешниҳод карда шаванд:
- нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон, нусхаи шаҳодатномаҳо оид ба муқаррар кардани васоят ё парасторӣ, нусхаи ҳалномаи додгоҳ  доир ба маҳрумшавӣ аз ҳуқуқҳои волидайнӣ (агар бошад);
- ризоияти хаттии волидайн ҷиҳати қатъи шаҳрвандии кӯдак, агар яке аз волидайн ё парасторон шаҳрвандии ҶТ-ро нигоҳ дорад;
- ризояти хаттии кӯдакони аз синни 14 то 18 сола доир ба ивазшавии  шаҳрвандӣ.
Тибқи қонунгузорӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои баррасӣ қабул шуда, бо хулосаи Шӯъбаи консулии Сафорат ба ВКХ фиристода мешаванд. 
2. Дар натиҷаи гум  кардани шаҳрвандӣ. Тибқи моддаи 29-и Қонуни конститутсионии ҶТ оид ба шаҳрвандии ҶТ, шаҳрвандии ҶТ дар ҳолатҳои зерин гум карда мешавад:
- дар сурати дохил шудани шаҳрванди ҶТ ба хизмати ҳарбӣ, хадамоти бехатарӣ, политсия, моқомоти адлия ё ин ки мақомоти давлатии ҳокимиятӣ ва идории кишвари хориҷӣ;
- агар шаҳрванди ҶТ доимо дар хориҷи кишвар иқомат намояд ва дар муддати панҷ сол бе сабабҳои эҳтиромона ба қайди консулӣ худро нагузорад.
Шаҳрвандони ҶТ барои ба қайд гирифтани аз даст диҳии шаҳрвандиаш бояд ба Шӯъбаи консулии Сафорат муроҷиат намуда,  ариза оид ба дархости қайди гум кардани шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки ҳолатҳои зикршударо  тасдиқ менамояд, пешниҳод намоянд.
3. Дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ. Дар сурати муқаррар кардани воқеаи бо ҳалномаи додгоҳ тасдиқшуда доир ба гирифтани шаҳрвандии ҶТ дар асоси маълумотҳои бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар хулосаи худро бароварда якҷоя бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи муроҷиаткунанда ҷиҳати дарёфти шаҳрвандӣ,  ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва баъдан ба Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти ҶТ мефиристад.    
4. Дар натиҷаи маҳрум шудан аз  шаҳрвандӣ.
5. Оптация (интихоби шаҳрвандӣ). Тибқи моддаи 26-и Қонуни конститутсионии ҶТ оид ба шаҳрвандии ҶТ дар ҳолати тағйир ёфтани хати сарҳадии ҶТ тибқи қонунгузории ҶТ, шахсоне, ки дар минтақаҳои назди сарҳадие, ки хати марзӣ дар он ҷо тағйир ёфтааст, истиқомат мекунанд, ба онҳо ҳуқуқи интихоби шаҳрвандии ЧТ ва ё кишвари ҳамсарҳад (оптатсия) тибқи тартиб ва мӯҳлате, ки дар шартномаи байналмилалии ҶТ муайян шудааст,  дода мешавад.   
 
Душаҳрвандӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон. Тибқи моддаи 4-и Қонуни конститутсионии ҶТ оид ба шаҳрвандии ҶТ мансубияти шаҳрвандони ҶТ ба шаҳрвандии дигар кишвар иҷозат дода намешавад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байниҳукуматии ҶТ пешбинӣ шудааст.
 
Шаҳрвандии фахрӣ. Шахсе, ки шаҳрванди ҶТ нест, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷомеаи ҷаҳонӣ хизматҳои барҷаста кардааст  бо ризоияти хеш шаҳрвандии фахрии ҶТ пешниҳод карда мешавад. Тибқи Қарор оид ба шаҳрвандии фахрии ҶТ, ки аз ҷониби Президенти ҶТ тасдиқ шудааст, шаҳрвандони фахрии ҶТ ҳуқуқҳои шаҳрванди ҶТ-ро доро мебошанд.
 
Дархост оид ба тааллуқ доштан  ба шаҳрвандии ҶТ - 70 евро. Барои гирифтани маълумотнома оид ба тааллуқ доштан ба шаҳрвандии ҶТ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд ба Шӯъбаи консулии Сафорати ҶТ дар Австрия пешниҳод намуд:
- ариза ба унвони Шӯъбаи консулии Сафорат;
- Варақаи хонапуришуда доир ба тасдиқи шахсият. Барои дарёфти варақа доир ба тасдиқи шахсият истинодро пахш кунед.