HOME

EVENTS

TAJIKISTAN

State Symbols

President

Government

Parliament

Economy

FOREIGN MINISTRY

Foreign Minister

Deputy Foreign Ministers

Tajik Embassies

EMBASSY

Ambassador

Press Releases

TAJIKISTAN and AUSTRIA

TAJIKISTAN and the OSCE

TAJIKISTAN and the UNOV

TAJIKISTAN and IAEA

TAJIKISTAN and UNIDO

TAJIKISTAN and UNODC

TAJIKISTAN and CTBTO

CONSULAR SERVICES

VISA ISSUES

TAJIK CITIZENS

NOTARIAL SERVICES

TOURISM

ANNOUNCEMENT

GALLERY

USEFUL LINKS

CONTACT US

EMBASSY OF TAJIKISTAN TO AUSTRIA

Хизматрасонии нотариалӣ
 Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия рӯзҳои Душанбе - Ҷумъа  аз соати 15:00 то 17:00 шаҳрвандони Тоҷикистонро қабул менамояд ва хизматрасониҳои консулии дар поён зикршударо ба анҷом мерасонад. Хизматрасонии консулии нотариалӣ вобаста ба ҳолати дар қонунгузорӣ пешбинӣ шуда дар давоми то 10 рӯзи корӣ дида баромада мешавад. Барои хизматрасониҳои консулие, ки ба таври таъҷилӣ дар давоми аз 24 то 48 соат бояд ба анҷом расад, маблағи дукаратаи боҷи консулӣ супорида мешавад.
Тибқи Конуни Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ (аз 15 майи соли 1997, №412) моддаи 23-и қонуни номбурда ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷи кишвар амалиёти нотариалии зеринро ба анҷом мерасонад:
 
- тасдиқи шартнома - 100 евро;
- тасдиқи васиятнома - 100 евро;
- тасдиқи ваколатнома (доверенность) - 100 евро;
- тадбирҳо баҳри муҳофизати моликияти меросӣ - 1% аз арзиши моликият, вале на кам аз 20 евро.
Тасдиқ намудани дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳо (барои ҳар саҳифа):
- аз шаҳрвандони ЧТ - 10 евро;
-  аз шаҳрвандони хориҷӣ -  20 евро;
Тасдиқи аслӣ будани имзо дар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла имзои тарҷумон (барои ҳар як имзо):
- дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ - 15 евро;
- дар дигар ҳуҷҷатҳо - 10 евро;
 
- тасдиқ  намудани дурустии тарҷума аз як забон ба забони дигар (барои ҳар  як саҳифа) - 10 евро;
- тасдиқ  намудани далели дар қайди ҳаёт будани шаҳрванд - 10 евро;
- тасдиқ намудани далели чойгир будани шаҳрванд дар макони муаян - 10 евро;
- тасдиқ намудани айнияти шаҳрванд бо шахсе, ки дар сурати фотографӣ  тасвир ёфтааст - 10 евро;
- тасдиқ намудани вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷат - 10 евро;
- ба депозит қабул намудани маблағҳои пулӣ ва қоғазҳои қимматнок - 0,2 % аз маблағи умумӣ, ҳар моҳ;
- содир намудани сабтҳои иҷроия - 10 евро;
- ба ҳифозат қабул намудани ҳуҷҷатҳо - 10 евро, ҳар моҳ;
-  содир намудани эътирозномаи баҳрӣ - 20 евро. 
 
Хизматрасониҳои консулии дар поён қайдшуда аз ҷониби Шӯъбаи консулии Сафорат дар айни ҳол бо сабабҳои техникӣ амалӣ намегардад:
 
- додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи амволи умумии зану шавҳар - 20 евро;
- додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос - 1% аз арзиши моликияти меросӣ;
 
Таҳияи ҳуҷҷатҳо  оид ба санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ:
 
- ба қайд гирифтани таваллуди кӯдак ва додани шаҳодатнома  дар ин хусус - 50 евро;
- ба қайд гирифтани ақди никоҳ ва додани шаҳодатнома дар ин хусус - 50 евро;
- ба қайд гирифтани қатъи ақди никоҳ  ва додани шаҳодатнома дар ин хусус: - бо розигии мутақобилаи    ҳамсароне, ки фарзандони ноболиғ  надоранд - 50 евро; - дар асоси ҳалномаи додгоҳ - 50 евро;
 
-  додани гувоҳнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, фарзандхонӣ - 50 евро
 
Барои дарёфти маълумот доир ба ёрии ҳуқуқӣ ба шарвандон, ин истиноди Конвенсияи Кишинёвро пахш намоед;